Пятница, 29.03.2024
Мой сайт
Меню сайта
Наш опрос
ШУМО МУХЛИСИ КАДОМ ДАСТА ХАСТЕД
Всего ответов: 203
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Форма входа
Главная » 2012 » Ноябрь » 9 » Агар «Равшан» чемпион шавад..... Дар ҳошияи гуфтаҳои Никола Кавазович сармурабии мунтахаби Тоҷикистон "Равшан в Кулябе выиграет у Барсел
10:49
Агар «Равшан» чемпион шавад..... Дар ҳошияи гуфтаҳои Никола Кавазович сармурабии мунтахаби Тоҷикистон "Равшан в Кулябе выиграет у Барсел
Дар ҳошияи гуфтаҳои Никола Кавазович сармурабии мунтахаби Тоҷикистон

"Равшан в Кулябе выиграет у Барселоны!"

Қабл аз он ки матлабро хонӣ, узви Ихвон ал СССР, мехоҳем бо ин мадрак ошно гардӣ, ки онро мураббии дастаи Истиқлол ва сармураббии мунтахаби Тоҷикистон гуфтааст; нафаре, ки бояд ҳама дастаҳо ва тамомии футболбозонро бо 1 чашм бинад! Тавре мегўянд, No comment: «Думаю, «Равшан» с такой игрой, которую показывает в течение сезона, выиграет все оставшиеся матчи. 

Потому что, в Таджикистане нет команды, которая не боится «Равшана». Главная причина - страх за жизнь и здоровье футболистов. Думаю, что «Равшан» обыграет всех, кроме нашей команды, и наберет 9 очков в оставшихся 4 играх. Могу поспорить, что в Кулябе даже «Барселона» может не выиграть. «Равшан» тоже имеет возможность стать чемпионом, если такое случится, я уеду в Сербию на месяц, чтобы прийти в себя. Надеюсь, что этого не произойдет - в следующем году «Регар» выступит в кубке АФК в ранге чемпиона Таджикистана».

Ҳарфи кина ё рақобат?

Ин гуфтаҳои сармураббии мунтахаби Тоҷикистон-Никола Кавазович аст, ки дар сомонаи «АSIA-Plus» ба табъ расида аст. Баъд аз интишори ин гуфтаҳои пур аз кинаву кудурат нисбати 1 тими саршиноси кишвар аз ҷониби сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, ба қавле саҳфаҳои норўшани китоби адоват нисбати «Равшан»-и Кўлоб варақгардон шуд. Ин гуфтаҳоро аз ҷониби Кавазовичи сармураббии «Истиқлол» ҳамчун гуфтаҳои ҳарифи «Равшан» таҳаммул кардан мумкин буд, аммо аз ҷониби Кавазовичи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон ин гуфтаҳо шаҳодати беэҳтиромӣ нисбати мухлисони дастаи «Равшан» аст, агар бар мардуми Кўлоб набошад. Ва ҳам шаҳодат аз он аст, ки Кавазович аз кўчаи дипломатия ва фарҳанги сиёсӣ боре ҳам нагузашта аст.

Наход сармураббии тими миллӣ нисбати 1 дастаи кишвар, ки аслан мебояд бозиҳояшро тамошо карда, барои мунтахаби кишвар бозигар интихоб намояд, бо ин қабеҳият андеша ронад? Бубинед, Кавазович мегўяд «Агар Равшан чемпион шавад ман ба мўҳлати 1 моҳ Сербия (Сербия Ватани ўст-С.Ф) меравам, «то ба худ оям». Агар сармураббии тими миллӣ ба ин ҳад чемпионии «Равшан»-ро қабул надорад, 100 вуболи ҷони роҳбарияти ҳарифони «Равшан», ки худро намекушанд. Ана акнун посухи адами бозигарони «Равшан»-и Кўлоб дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон рўшан гашт: Равшан бо ҳама бозингаронаш фарзанди ўгай барои мунтахаби миллӣ ва ФФТ буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд! Воқеан ҳам Кавазович охирин намояндагони Равшанро аз мунтахаб ронда, бидуни Равшан-лидери чемпионат ба Эрон рафт!

Табиист, ки пурсида мешавад, ин қадар бадбинӣ нисбати «Равшан» аз куҷост? Ман ҳеҷ гумон надорам, ки ҷаноби Кавазович ин кинаро аз Сербия бо худ оварда бошад. Зеро мусаллам аст, ки тухми ин адоватро дар ҳотаи дили Никола маҳз «кишоварзон»-и спорти Тоҷик сабзонидаанд (Шумо ҳатто ба гузоришҳои шореҳи варзиши радиои Озодӣ таваҷҷўҳ кунед ва он ҷо кинатўзиро нисбат ба Равшан хоҳед дарёфт!). Агар не, магар нафаре ёфт нест, ки ба ин нео-префессионал фаҳмонад, ки ин ҷо менталитету фаҳмишҳо дигаранд ва ў ҳамчун сармураббии мунтахаби ин кишвар вазифадор аст, ки дар ҳарзагўиҳои худ ин паҳлўҳои масъаларо низ ба инобат гирад. Дуруст аст, ки тими «Равшан» услуби тунди бозиро дорост, аммо ин маънои онро надорад, ки футболбозони «Равшан»-ро «костолом-у «каратист» ном барем.

Футболи мардакӣ
Ҷаноби Кавазович! Ба андешаи ман роҳбарияти «Истиқлол» Шуморо барои чашмони зебо не, барои он ба даста даъват карда аст, ки усули рақобат бо «Равшан»-у «Регар Тадаз»-ро ёбад. Вале агар аз тарси бозии «Равшан» ба Шумо «памперс» лозим шуда бошад, беҳтараш бидуни чемпионии «Равшан» равед ба ҳамон Сербияи худ ва ба ягон дастаи заргушҷигарон роҳбарӣ кунед, ки Тоҷикистон диёри мардони ҷасур аст ва футболи мо низ футболи мардакист!!!

Мухлисони дастаи «Равшан» дар футболи тоҷик революсия карданд, онҳо намунаи беҳтарин мухлисии Аврупоро дар Тоҷикистон зинда карданд. Воқеан ҳам чунин шеваи хуб ва фарогири мухлисиро Шумо ҳам дарк кардаед, ки менависед «Ҳатто Барселона дар Кўлоб бозиро бар Равшан хоҳад бохт!». Магар чунин шеваи мухлисӣ бад аст? Боз дар мамлакате, ки пас аз пошхўрди шўравӣ ва фавти Помири овозадор, чунин мухлисиро дар шаби хобаш ҳам орзу намекард?!

Мутаассифона, онҳое, ки нумўи футболи Тоҷикро дида наметавонанд, моҷарои фан-клуби «Равшан»-ро ба долонҳои сиёсии ҳукумат кашиданд ва натиҷа ин шуд, ки футболи даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон боз суқут кард.

Чунин ба назар мерасад, ки Кавазович дар умраш Премер-Лигаи Англияро, ки дар ҳар метри майдон сахттарин гирудор ба вуқўъ мепайвандад, надида бошад. Ман умуман ҳайронам, ки чаро чунин 1 нафар мутахассиси орӣ аз дипломатияи сиёсӣ ва фарҳанги футбол сармураббии мунтахаби кишвар интихоб шудааст. Аз Алиспоҳичи сокини ҳамсоякишвари Кавазович чӣ дидем, ки аз Кавазович бинем? Ба қавли мардум «кал додари кўр»…

Аввал одоб баъд футбол

Ман аз сардамдорони футболи Тоҷик хоҳиш мекардам, ки ба гуфтаҳои ҷаноби Кавазович, ки хашми ҳазорон нафар мухлиси дастаи «Равшан»-ро ба думбол овардааст, баҳои ҳаққонӣ бидиҳанд. Кавазович ҳанўз нафаре нест, ки бо ин шева дар Тоҷикистон нисбати футбол андеша меронад. Зеро ў алон кореро барои мунтахаби мо пиёда накарда аст, ки тундгуфториашро нисбати 1 тими музофотӣ ба хотири раҳбари командаи миллӣ шуданаш, таҳаммул кунем.

Ҳатто Гуус Хиддинки профессионал, ки мунтахаби Русияро дорандаи медалҳои биринҷии Аврупо карда буд, чунин бадгуфториро ба худ эб намедонист. А, Кавазович дар қиболи Гуус нафарест, ки дар олами футбол касе ўро намешиносад ва бузургтарин мақоми ишғолияш дар соҳаи футбол ҳамин симмати сармураббии Тоҷикистон аст, ки ахиран худро таблиғ намуд ва ҳамчун тренери ҷавонтарини мунтахаби миллӣ шинохта шуд. Дастаҳои қаблии Кавазович амсоли «Биг Булл», «Чукарички Станком”, «Уйпешт» ва «Чепел» дар сатҳи "дубл”-и "Равшан” бозӣ намекунанд. Барои ҳамин хуб мебуд, ки ҷаноби Кавазович аввал дарси одоб меомўхт, баъд моро дарси футбол медод. Воқеан, ин ҳам бахтбаргаштагии мост, ки ҳатто ба Кавазовичҳо зор шудаем. Ба пиндори ман ў дар сатҳи Шариф Назаров ҳунар надорад. Вале айби Шариф-ако ҳам ин аст, ки оби дари хона аст ва тавре аз афсонаву масалу мақолҳои Тоҷикӣ огаҳӣ дорем: Оби дари хона қадр надорад!

Ҳамчун хонандаи газетаи мардумӣ ва мухлиси Равшани Кўлоб чунин андеша дорам, ки Никола Кавазович бояд расман на танҳо аз мухлисони Равшан, ки аз ҳама ҳаводорони футболи Тоҷик узур пурсад: Мо Метавонем!
Манбаъ: Газетаи СССР
Просмотров: 1048 | Добавил: rasul20100 | Рейтинг: 4.5/2
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Поиск
Календарь
«  Ноябрь 2012  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930
Архив записей
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz
  • Copyright MyCorp © 2024
    Конструктор сайтов - uCoz