Понедельник, 06.05.2024
Мой сайт
Меню сайта
Наш опрос
БА ФИКРИ ШУМО ДАСТАИ РАВШАН ЧАНД МУХЛИС ДОРАД
Всего ответов: 110
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Форма входа
Главная » 2012 » Сентябрь » 6 » БОЗОРИ КОРВОН ЯХЛУХТАШ СУХТА НОБУД ШУД
12:34
БОЗОРИ КОРВОН ЯХЛУХТАШ СУХТА НОБУД ШУД
Тақрибан соати 17-у 40 дақиқаи шоми дирӯз дар бозори калонтарини пойтахт- «Корвон» сӯхтор ба амал омад. 

Аз Хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон  иттилоъ доданд, ки дар айни замон раҳбарият ва кормандони ин хадамот дар маҳалли ҳодиса қарор доранд, то сабабҳои сар задани сӯхторро маълум намоянд. Ин манбаъ гуфт, ки чунин сӯхтор дар таърихи кишвар бори аввал ба вуқӯъ пайвастааст ва яке аз сабабҳои дар муддати кӯтоҳ масоҳати зиёдро фаро гирифтани оташ вазидани шамол буд. 

Ҳарчанд масъулини Хадамоти оташнишонӣ сабаби сар задани сӯхторро «номаълум» гуфтанд, вале фарзияҳои зиёде миёни савдогарон вуҷуд дорад. Ба гуфтаи як нафар шоҳид ҳангоми сӯхтор теъдоди зиёди мошинҳои сӯхторнишон дар маҳалли ҳодиса қарор доштанд ва талош мекарданд, то ҳар чӣ зудтар шӯълаи оташро хомӯш кунанд, вале аз сабаби он, ки ҳамаи мошинҳо дуди оташро дида, дар роҳ истоданд, ин ҳолат ба оташнишонон имкони сари вақт ба ҷои ҳодиса расидану зуд хомӯш кардани сӯхторро надод. 

Дуди ғализи ин сӯхтор фазои маҳаллаҳои атрофи бозорро фаро гирифта буд.
Як нафари дигар аз фаъолияти посбонҳои «Корвон» изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт: «ҳамаи борам ба коми оташ рафту хокистар шуд. Мо ҳар сари моҳ барои патент, барои иҷора ва ҳатто барои посбонҳо пул месупорем, бояд онҳо ин маконро назорат мекарданд».

Ёдовар мешавем, ки бар асари ин сӯхтор ҳам хисороти моливу ҳам ҷонӣ расидааст. 

Прикрепления: Картинка 1
Просмотров: 1478 | Добавил: rasul20100 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Поиск
Календарь
«  Сентябрь 2012  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Архив записей
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz
  • Copyright MyCorp © 2024
    Конструктор сайтов - uCoz