Понедельник, 29.04.2024
Мой сайт
Меню сайта
Наш опрос
БА ФИКРИ ШУМО ДАСТАИ РАВШАН ЧАНД МУХЛИС ДОРАД
Всего ответов: 110
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Форма входа
Главная » 2012 » Октябрь » 16 » ФФТ беҳтаринҳои моҳи сентябрро эълон кар
13:19
ФФТ беҳтаринҳои моҳи сентябрро эълон кар

Федератсияи футболи Тоҷикистон бар асоси назарпурсӣ беҳтарин бозигар, мураббӣ ва довари моҳи сентябрро муайян кард.



 
Алишер Тӯйчиев, дарвозабони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими мунтахаби миллии Тоҷикистон, беҳтарин бозигар, Юсуф Абдуллоев, сармураббии дастаи «Хайр»-и Ваҳдат, беҳтарин мураббӣ ва Хуршед Дадобоев, аз шаҳри Хуҷанд, беҳтарин довар эътироф шуданд. 

Беҳтаринҳои моҳи cентябр бо ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ба маблағи 500 сомонӣ сарфароз мешаванд.

Ёдовар мешавем, беҳтарин бозигар, мураббӣ ва довари моҳро мутахассисони соҳа бар аоси назархоҳӣ муайян мекунанд.

Ин назархоҳӣ  моҳи майи соли равон шурӯъ шуда буд. Моҳи май Дилшод Восиев (нимҳимоятгари «Истиқлол»), Маҳмадҷон Ҳабибуллоев (сармураббии «Регар-ТадАЗ»), Равшан Ишматов (довар аз Қӯрғонтеппа), моҳи июн – Рустам Ризоев (дарвозабони «Равшан»), Никола Кавазович (сармураббии «Истиқлол»), Диловаршоҳ Орзуев (довар аз Ҳисор), моҳи июл – Шодибек Ғаффоров (ҳамлагари «Энергетик»), Тоҳир Муъминов (собиқ сармураббии «Хайр»), Раҳмон Муртазоев (довар аз Душанбе), моҳи август – Хуршед Маҳмудов (нимҳимоятгари «Регар-ТадАЗ»), Никола Кавазович (сармураббии «Истиқлол»), Насрулло Кабиров (довар аз Норак) беҳтарин бозигар, мураббӣ ва довар дониста шуда буданд
.
Просмотров: 506 | Добавил: rasul20100 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Поиск
Календарь
«  Октябрь 2012  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031
Архив записей
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz
  • Copyright MyCorp © 2024
    Конструктор сайтов - uCoz