Четверг, 28.03.2024
Мой сайт
Меню сайта
Наш опрос
ШУМО МУХЛИСИ КАДОМ ДАСТА ХАСТЕД
Всего ответов: 203
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Форма входа
Главная » 2012 » Ноябрь » 8 » Лату кӯби сардовару бозигарон дар варзишгоҳи Истаравшан
17:31
Лату кӯби сардовару бозигарон дар варзишгоҳи Истаравшан
Бозиҳои даври 24-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 7-уму 8-уми ноябр баргузор шуданд. Рӯзи чоршанбе бозии дастаи "Хуҷанд”-и Хуҷанд бо тими меҳмон - Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби мусовии 1:1 поён ёфт. Ҳарду гол аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра зада шуд. 

Дар бозии дигари ин давр дастаи "Гвардия”-и Душанбе дар меҳмонӣ бар тими "Зарафшон”-и Панҷакент бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Имрӯз, 8-уми ноябр, се бозии дигари даври 24-ум баргузор шуд. Дастаи мизбон - "Ҳосилот”-и Фархор аз тими "Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Тими "Вахш”-и Қӯрғонтеппа низ бозиро дар майдони худ ба КМВА (ССКА) "Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 0:1 бохт.

Вале бозии дастаи мизбон - "Истаравшан" дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан бо "Энергетик"-и Душанбе ба иллати бетартибии мухлисону футболбозон дар дақиқаи 81-ум, замоне ки ҳисоб 1:1 буд, қатъ гардид. 

Дар ин бора ба "Озодӣ” аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд. Бино ба иттилои ин ниҳод, баъд аз он ки сардовари бозӣ Баҳром Саъдуллоев, аз шаҳри Қӯрғонтеппа, ба дарвозабони "Энергетик” Миралӣ Муродов корти сурх нишон медиҳад, ба сардовар бо нишони эътироз ҳамдастааш Сафархон Мирзоевдармеафтад. Пас аз ин, ба қавли манбаъ, сардовар ба Мирзоев низ корти сурх нишон медиҳад.

Баъд аз ин, бозигарони "Энергетик” сардоварро мавриди лату кӯб қарор медиҳанд. Дар ин лаҳзаҳо бархе аз мухлисон ба тарафдории сардовар вориди майдон шуда, ба футболбозони "Энергетик” дарафтодаанд. Аз ин ҳуҷуми мухлисон чанд нафар бозигарони дастаи меҳмонон лат бардоштаанд. Ин воқеаи нохуш дар кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.

Натоиҷи бозиҳои даври 24-ум:

«ХУҶАНД» (Хуҷанд) - «ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) - 1-1
Голҳо: Нодирбек Маъмиров, 40 – аз пеналтӣ (0:1). Манучеҳр Аҳмадов, 61 – аз пеналтӣ (1:1).
Соҳиб Ҳакимов («Хуҷанд») аз майдон хориҷ шуд.

«ЗАРАФШОН» (Панҷакент) - «ГВАРДИЯ» (Душанбе) - 1-3
Голҳо: Муҳсин Мадуллоев, 10 (0:1). Муҳсин Мадуллоев, 34 (0:2). Абдурасул Раҳмонов, 63 (0:3). Фозил Ҳабибов, 78 (1:3).

«ҲОСИЛОТ» (Фархор) - «ХАЙР» (Ваҳдат) – 0-2
Голҳо: Акмал Авазов, 25 (0:1), Мирзобек Мирзоев, 81 (0:2).

«ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) - ССКА «ПОМИР» (Душанбе) – 0-1
Гол: Раҳматулло Фузайлов (89).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа: 

Ҷой Дастаҳо      Б Ғ М Б Т И

1.

«Равшан» (Кӯлоб)

21

17

2

2

41-9

53

2.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

21

16

4

1

62-15

52

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

22

15

3

4

42-25

48

4.

«Истиқлол» (Душанбе)

19

13

4

2

54-10

43

5.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

21

9

4

8

42-30

31

6.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

23

9

4

10

28-20

31

7.

КМВА "Помир” (Душанбе)

22

7

6

9

23-23

27

8.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

21

7

6

8

27-30

27

9.

«Истаравшан” (Истаравшан)

20

7

4

9

31-37

25

10.

«Энергетик» (Душанбе)

20

6

6

8

26-27

24

11.

«Ҳосилот» (Фархор)

22

4

2

16

18-56

14

12.

«Гвардия» (Душанбе)

22

3

0

19

15-61

9

13.

«Зарафшон» (Панҷакент)

22

1

3

18

21-87

6


Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев ("Истиқлол")-19 гол, Аҳтам Ҳамроқулов ("Регар-ТадАЗ")-16 гол, Комил Саидов ("Регар-ТадАЗ")-15 гол, Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 15 гол, Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Нуъмон Ҳакимов («Равшан»), Мансур Ҳакимов («Парвоз»)– 11-голӣ.

Даври 25-ум
12-уми ноябр (душанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14.00
«Гвардия» - «Хуҷанд»
«Энергетик» - «Зарафшон»
«Парвоз» - «Регар-ТадАЗ»

13-уми ноябр (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00
ССКА «Помир» - «Ҳосилот»
«Хайр» - «Истиқлол»
«Равшан» - «Истаравшан»

Даври 26-ум
17-уми ноябр (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 14.00
«Хуҷанд» - «Энергетик»

18-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00
«Вахш» - «Парвоз»
«Регар-ТадАЗ» - «Гвардия»
«Зарафшон» - «Равшан»
«Ҳосилот» - «Истиқлол»
«Истаравшан» - «Хайр»

Просмотров: 560 | Добавил: rasul20100 | Рейтинг: 4.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Поиск
Календарь
«  Ноябрь 2012  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930
Архив записей
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz
  • Copyright MyCorp © 2024
    Конструктор сайтов - uCoz