Понедельник, 29.04.2024
Мой сайт
Меню сайта
Наш опрос
БА ФИКРИ ШУМО ДАСТАИ РАВШАН ЧАНД МУХЛИС ДОРАД
Всего ответов: 110
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0
Форма входа
Главная » 2012 » Октябрь » 3 » Пирӯзии “Равшан” бар “Вахш” дар Кӯлоб
20:28
Пирӯзии “Равшан” бар “Вахш” дар Кӯлоб

Варзиш

Пирӯзии "Равшан” бар "Вахш” дар Кӯлоб

Дастаи "Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ бар тими "Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард.

Ин бозии мавқуфгузоштаи даври 16-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон бегоҳи чоршанбе, 3-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб поён ёфт. 
 
Ҳарсе голро ба дарвозаи меҳмонон ҳамлагар Наврӯз Рустамов дар нимаи аввали бозӣ ба ҳадаф расонд ва хет-трик кард.
 
Ҳамин тариқ, дастаи "Равшан”, муддаии унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон бо 40 имтиёз мавқеашро дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи дувум нигоҳ дошт. Дастаи "Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода мисли пешин бо 41 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. Дастаи "Хайр”-и Ваҳдат бо 33 имтиёз дар ҷойи севум аст.
 
Дастаи "Истиқлол”-и Душанбе, ки дар бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё ширкат дошт, аз ҳама камтар – ҳамагӣ 13 бозӣ анҷом додааст ва бо 29 имтиёз дар ҷойи чаҳорум мебошад. "Истиқлол” бо рақибони аслиаш - "Регар-ТадАЗ” ва "Равшан” барои медалҳои тиллои мусобиқа мубориза мебарад.
 
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
 
Ҷ
 
Дастаҳо
 
Б
 
Ғ
 
М
 
Б
 
Т
 
И
1.«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)16132137-1141
2.«Равшан» (Кӯлоб)16131225-640
3.«Хайр» (Ваҳдат)16103329-1833
4.«Истиқлол» (Душанбе)1392232-829
5.«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)1682633-2226
6.«Вахш» (Қӯрғонтеппа)1572620-1223
7.«Хуҷанд» (Хуҷанд)1662822-2620
8.КМВА «Помир» (Душанбе)1654716-1919
9.«Истаравшан» (Истаравшан)1753925-3418
10.«Энергетик» (Душанбе)1545620-2017
11.«Ҳосилот» (Фархор)16411116-3513
12.«Гвардия» (Душанбе)1620149-426
13.«Зарафшон» (Панҷакент)16131217-486

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 11 тӯб, Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Асадулло Бобоҷонов («Парвоз») – 9-тӯбӣ, Габриэл Донто, Шодибек Ғаффоров (ҳарду - «Энергетик»)- 8-тӯбӣ.
 
Бозии мавқуфгузоштаи даври 16-ум:
4-уми октябр (панҷшанбе), соати 15:00
"Энергетик” (Душанбе) – КМВА "Помир” (Душанбе)

Бозиҳои даври 19-ум:
8-уми октябр (душанбе
Оғози бозиҳо – соати 15.00
«Парвоз» - «Равшан»
«Вахш» - «Истаравшан»

9-уми октябр (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15.00
«Гвардия» - «Энергетик»
«Регар-ТадАЗ» - «Зарафшон»
КМВА «Помир» - «Истиқлол»
«Хуҷанд» - «Ҳосилот»
Просмотров: 885 | Добавил: rasul20100 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Поиск
Календарь
«  Октябрь 2012  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031
Архив записей
Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz
  • Copyright MyCorp © 2024
    Конструктор сайтов - uCoz